ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Маркази илм ва технологияи байналмиллалӣ дар давоми 13 соли охир ба лоиҳаҳои олимони Тоҷикистон 17 миллион доллар ҷудо кардааст, изҳор дошт президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.
Раҳимӣ қайд кард, ки маблағҳои ҷудогардида ба соҳаҳои физика, сейсмология ва табиатшиносӣ равона гардидаанд.
Ҳамин тавр барои харидории таҷҳизоти техникӣ барои донишкадаҳо 5 миллион доллар ҷудо карда шудааст.
"Дар давоми соли ҷорӣ 10 лоиҳа бо маблағи умумии 3 миллион доллар амалӣ шуда истодааст. Зиёда аз ин боз 12 лоиҳаи дигар барои маблағгузорӣ пешниҳод шудаанд",-изҳор дошт Раҳимӣ.
Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки самти дигари ҳамкорӣ бо Маркази илм ва технологияи байналмиллалӣ ин соҳаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия мебошад.
Маркази илм ва технологияи байналмиллалӣ —ин ташкилоти байниҳукуматӣ буда, вазифаи он барқарор намудани алоқа миёни олимони Қазоқистон, Арманистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Гурҷистон ва ҳамкоронашон аз марказҳои тадқиқотии Иттиҳоди Аврупо, Ҷопон, Ҷумҳурии Корея, Норвегия ва ИМА мебошад.