ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Украина ҷонибдори тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо мамолики минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, аз ҷумла дар соҳаи савдо, хабар дод сарвазири кишвар Владимир Гройсман.
"Барои мо самти стратегӣ-Иттиҳоди Аврупо аст, вале дар баробари ин ман мехоҳам қайд намоям, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ барои Украина чун шарикони муҳим боқӣ мемонанд",-гуфт Гройсман дар вохӯрӣ бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ.
У қайд кард, ки барои Украина рушди муносибот бо ин давлатҳои Осиёи Марказӣ арзиши муҳими стратегӣ дорад.
Ба гуфти Гройсман ба ҳамаи ин кишварҳо зарур аст, ҳамкориҳои муштараки байниҳукуматиро тақвият бахшида дар соҳаи савдо низ муносиботро таҳким бахшанд.
"Ба фикри ман он рақамҳое, ки мо имрӯз аз рӯи гардиши мол миёни кишвари мо ва мамолики Осиёи Марказӣ дар даст дорем, қонеъкунанда нест. Мо мефаҳмем, ки ин ҷо мушкилоти логистикӣ, ки ба таври сунъӣ офарида шудааст, низ вуҷуд дорад, вале онҳоро бояд ҳал кард",-гуфт сарвазир.
Дар навбати худ сафири Туркманистон Нурберди Аманмурадов хабар дод, ки соли 2016 дар Ашқобод ҷаласаи байниҳукуматии Туркманистону Украина баргузор мешавад. Ба гуфти ӯ ҷониби Туркманистон аллакай лоиҳаи ҷониби Украинаро барои ин ҷаласа доир ба ҳамкориҳо дар соҳаи савдо барои солҳои 2016-2019 қабул кардааст.