ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рӯи 5 қарор имзо гузошт: чор қарор оиди додани шаҳрвандӣ ва як қарори дигар бошад оиди маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ, иттилоъ медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Мувофиқи чор қарори аввал 668 нафар шаҳрвандии Қирғизистонро соҳиб шуданд. Аксари онҳоро қирғизони этникӣ ва собиқ шаҳрвандони Узбакистону Тоҷикистон, ки ба ватани таърихии худ баргаштаанд, ташкил медиҳанд.
Дар баробари ин дар байни шаҳрвандони нави Қирғизистон зодагони Чин ва шаҳрвандони Украина низ ҳастанд.
Бо қарори панҷум бошад президенти кишвар 144 нафарро аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Қирғизистон маҳрум кард.