ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Фарида Бобоҷонова. Пас аз итмоми сафар ба Ҳаҷ ва инъикоси лаҳзаҳои гуногун дар Макка Sputnik Тоҷикистон бо яке аз сокинони кишвари арабӣ, ки якчанд маротиб адои ҳаҷ намудааст, сӯҳбат намуд ва аз раванди Ҳаҷ ва лаҳзаҳои он аз вай пурсон гашт
Тавофи Каъба ҳам қонунҳои худро дорад
Дар бобати издиҳоми ҳоҷиён ҳангоми тавофи Ҳаҷаруласвад ва дар баъзе ҳолатҳо тавоф карда натавонистани заифон, ҳамсаҳбатамон баён намуд, ки Ислом дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ фатво медиҳад ва қавонини хешро дорад. Тавофи Хона Худо низ қонунҳои худро дорад.
"Мусалмоне, ки ба Ҳаҷаруласвад наздик мешавад, ҳангоми бархурдор шудан аз издиҳом дар назди Хонаи Худо, бояд аз наздик шудан ба Каъба худдорӣ намояд- ин қонуни ислом аст",- гуфт мавсуф.
Ӯ раванди наздик шудан ба Каъбаро ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ тамсил дод, ки ҳангоми ба вуҷуд омадани садама сабаб дар он нест, ки роҳ вайрон аст, балки ҷурми ронанда аст.
Ҳангоми наздик шудан ба Хонаи Худо низ, маҳз бояд ҳамин қоидаро ба пеши назар орем, мегӯяд вай. Яъне ислом мушаххас мекунад, ки ҳангоми тавофи Каъба ҳаҷкунанда на танҳо бояд ба дигарон халалдор нашаванд, балки ҳангоми мушоҳидаи издиҳом бояд ба Каъба наздик нашавад.
Ҳамсӯҳбати оҷонсӣ қайд намуд, ки мутаассифона ёфт мешаванд нафароне, ки аз ин Қонуни ислом хабардор нестанд.
Ба Ҳаҷ намояндагони як давлат намеоянд
Ба гуфтаи манбаъ, ҳангоми маросими Ҳаҷ дар ҳақиқат ҳастанд ҳолатҳое, ки таъби инсонро хира мегардонад-ба монанди ба ҳам омехта намудани партов ва хӯрок ва ё умуман маконеро ифлос намудан. Метавон мушоҳида кард, ки дар берун зиёраткунандагон кӯчаҳоро ифлос менамоянд.
"Шумо дар худ тасаввур карда метавонед, ки ба ба майдони масоҳаташ тақрибан 2 ҳектар якбора 2 млн. нафар дохил мешавад. Ҳар яки он намояндаи миллати гуногун астанд ва бо фарҳангу маданияти худ фарқ мекунад. Ҳар он хатогие, ки содир мешавад аз бесаводии инсон сар мезанад",- мугӯяд вай
Лекин мусалмон барои кофтани хатогиҳои ҳамдигар ба Каъба равон намешавад, балки розигии Худовандро ҷӯён мегардад, гуфт ҳамсӯҳбати арабизабон.
"Инсон дар ҳама ҳолат инсон аст- гурусна мемонад, ташна мешавад ва хӯрок мехӯрад. Ҳолатҳое мешавад, ки зоирон боқимонадаи хӯрокҳои итифодабурдаи хешро ба партов якҷоя мекунанд ва ё умун мепартоянд. Дар ин ҳолат ба кормандони ҳифзи тозагӣ низ мушкил мешавад. Зеро онҳо наметавонанд якбора миллион нафарро таҳти назорати худ гиранд."
Ислом як аст, мазҳабҳо гуногунанд
Ҳангоми гузоштани намоз дар масҷидҳо, ва аз пеши намозгузор гузаштани дигарон мушоҳида карда мешавад. Ин ҳолат дар мазҳабти ҳанафӣ, манъ карда шудааст, аммо маросими Ҳаҷро танҳо намояндаи мазҳаби ҳанафӣ ба ҷо намеорад, мефаҳмонад ӯ.
Ислом ба зоти поки худ надорад айбе…
Ҳолате, ки аз ҳама бештар табъи ҳар як мусалмонро хира мегардонад, ҳолатҳои сар задани дуздӣ мебошад. Мусалмоне, ки ба Ҳаҷ мераваад ва бо баробари он ба дуздӣ даст мезанад ба ғазаби Худованд гирифтор мешавад ва аслан аз ислом бархурдор нест, мегӯяд ҳоҷие, ки борҳро тавофи Каъба кардааст:
"Макка барои мусалмонон ягона маконест, ки сафар кардан ба он фарз карда шудаст. Мусалмоне, ки ҳангоми сафар ба амалҳои дар ислом қатъият мамнӯъ даст мезавнад, ба ғазаби Худованд гирифтор хоҳад шуд".
Намояндаи кишвари араб, ки аз баён намудани номи хеш дар саҳифа худдорӣ кард, дар умум гуфт, ки ҳангоми маросими Ҳаҷ дар шаҳрҳои Макка ва Мадина низ, ба монанди шаҳрҳои дигар кишварҳое, ки миллатҳои гуногун ва одамони гуногун ба он ҷо мераванд- метавонад ҳама гуна ҳолатҳо сар занад. Ҳамаи он ба ахлоқи мусалмони ҳаҷкунанда ва фарҳанг ва маданияти миллате, ки ба макони муқаддас меравад, вобаста аст:
Ислом ба зоти поки худ, нодорад айбе,
Ҳар айб, ки ҳаст дар мусалмонии мост!