Ҳафтаи фарҳанги Аврупо. Дар Тоҷикистон

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкПарчами Иттиҳоди Аврупо. Акс аз бойгонӣ
Парчами Иттиҳоди Аврупо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Даромад ба чорабиниҳо озод мебошад. Барномаи ҳафта гуногун аст: консерти ҳанармандони маъруф, спектакл, балет ва ғайраҳо.

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Дар ду шаҳрҳои Тоҷикистон Ҳафтаи фарҳанги аврупоӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад маркази фарҳании "Бактрия".

Дар шаҳрҳои Душанбе ва Норак якчанд чорабиниҳо баргузор мешаванд.

Хотиррасон мешавем, ки Ҳафтаи аврупоӣ аз соли 2010-ум сар карда, дар тамоми шаҳрҳои Тоҷикистон шуда мегузарад. Чорабинӣ дар театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ расман кушода мешавад.

Тӯли ҳафт рӯз дар байни талабагон ва донишҷӯён конфронсҳо, лексияҳои омӯзишӣ, консертҳо баргузор мешавад. Ғайр аз ин аккосони тоҷик- Ҷамшед Холиқов ва Шаҳром Авезов намоишгоҳи "Сайр дар Аврупо" барпо мекунанд. Мухлисони кино метавонанд ба фестивали кинои аврупоӣ ташриф оваранд, дӯстдорони театрро бошад намоиши "Адский вечер"(Шаби мудҳиш) ва болети "Кармен-сюита" интизор аст.

Дар Норак дар назди бинандагон ҳунармандони машҳур баромад мекунанд. Иштирок дар тамоми чорабиниҳо ройгон аст.

Ҳафтаи аврупоӣ майдонест, ки дар он аҳолии кишвар бо фарҳанги аврупоӣ шинос мегардад, меҳмонон бошанд аз анъанан ва фарҳанги тоҷикона хабардор мешаванд. Чорабинии мазкур дар таҳким бахшидани  ҳамкориҳо байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон хизмат мекунад.

Лентаи хабарҳо
0