ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Дар Королеви назди Маскав рӯзи 2 ояктябри соли равон марафони ҷашнӣ-40 солагии "Марафони кайҳон", ки дар он варзишгарон аз Тоҷикистон низ ширкат доштанд баргузор гардид, хабар медиҳад шабакаи телевизионии "360".
Дар мусобиқаи варзиши сабук намояндагони Русия, Финландия, Белорус, Эстония, Украина, Узбакистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон иштирок карданд.
"Марафони кайҳон"-яке аз сабқатҳои муҳимтарин дар ҷаҳони варзиши сабук ба шумор меравад. Ба вилояти назди Маскав-Королев ҳамасола ҳазорон нафар аз тамоми гӯшаю канори дунё барои давидан ҷаъ меоянд. Иштирокчиён синну соли гуногун доранд. Иштирокчии хурдтарин 5 сол дошта, бузургсолтарин бошад 86 сола буд. Барои ҳар як иштирокчӣ масофа муайян карда шудааст. Варзишгарон аз рӯи меъёрҳои муқаррарградида баромад карданд. Барои иштирок ба ҳама изҳори ташаккур мекунам",-гуфт вазири вазорати тарбияи ҷисмонии вилояти назди Маскав Роман Терюшков.