Зебосанами тоҷик дар озмуни зебоӣ дар Маскав дуюм шуд

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкОзмуни умумирусиягии зебоии Miss World Russian Beauty
Озмуни умумирусиягии зебоии  Miss World Russian Beauty - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зебосанами тоҷик дар озмуни зебоии Young Miss World Russian Beauty, ки дар шаҳри Маскав баргузор гардида, дар он зиёда аз 50 бонувони зебо иштирок карданд, ба гирифтани мақоми дуюм ноил гашт.

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Духтари тоҷикистонӣ кишвари худро дар озмуни зебоии Young Miss World Russian Beauty, ки моҳи сентябр дар пойтахти Русия баргузор гардид, бо маҳорати баланд муаррифӣ кард.

Барои ба даст овардани ҷоизаи асосӣ 50 нафар намоянадагони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ байни ҳам рақобат карданд.

Диана Нуруллинаи 16-сола ба гирифтани мақоми дуюм дар риштаи варзиш ноил шуд.

Озмуни зебоии Miss World Russian Beauty (Зебосанами ҷаҳонии рус)-даври ниҳоии озмунҳои гуногуни Miss Russian Beauty аз кишварҳои пасошӯравӣ ва даври интихобии озмуни Miss World Beauty-бонуфузтарин озмуни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад.

Ҳамасола озмун байни зебосанамони кишварҳои дар боло зикр гардида, баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0