ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik.Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон Созмони Миллали Муттаҳидро нақд мекунад.
Ба гуфтаи вай, СММ наметавонад муноқишаҳои минтақавиеро, ки ҳоло баъзе кишварҳои олами араб доранд, ҳаллу фасл намояд.
"СММ, ки худ барои адолат ташкил карда шудааст- наметавонад адолатро нишон диҳад. Дар Шӯрои амнияти СММ ягон кишваре нест, ки олами араби миллионнафараро намояндагӣ кунад. Ин чӣ гуна адолат аст? Барои чӣ роҳҳои ҳалли мушкилиҳои минтақаҳои Сурия, Миср, Судон, Ливия ва Афғонистонро намеёбанд? Барои он ки дар он ҷо адолат дида намешавад"- гуфт Эрдоғун дар баромади хеш дар ҳамоиш оид ба илм ва технология дар Анқара.
Пештар чан маротиб Эрдуғон пешниҳод намуда буд, ки шумораи аъзоёни доимии СММ, аз ҷумла аз ҳисоби намояндагони кишварҳои мусалмонӣ зиёд карда шавад.
Ба Шӯрои амнияти СММ 15 давлат дохил мешавад. Аъзоёни доимии он Британияи Кабир, Чин, Русия, ИМА ва Фаронса мебошанд. Вазифаи раёсати мазкур пойдор намудани сулҳ ва амнияти байналмиллалӣ мебошад.