ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik.Мунтахаби Фаластин барои бозии дӯстона бо мунтахаби миллии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе омаданд, хабар медиҳад ФФТ.
Бозӣ санаи 5-уми октябр соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.
Қайд карда мешавад, ки ҳайъати мунтахаби Фаластин аз 25 нафар варзишгарон иборат аст.
Чуноне ки ФФТ хабар медиҳад, мунтахаби миллии Тоҷикистон барои бозии дӯстона омодагӣ дида истодааст.
Футболбозони тоҷик дар Варзишгоҳи марказии машқи бегоҳӣ намуданд, ки қариб як соат давом кард. Дар омодагӣ 18 нафар бозингарон ширкат варзиданд.
"Аз ҳафт нафар бозингарони хориҷӣ, ки ба ҳайъати мунтахаб барои бозӣ бо Фаластин даъват карда шудаанд, дар машқи якум дарвозабони дастаи "Алая"-и Ош Абдуазиз Маҳкамов, нимҳимоягари дастаи булғории "Локомотив" Парвизҷон Умарбоев ширкат варзиданд. Ҳуҷумкунанда аз дастаи "Динамо"-и Брест Ҷаҳонгир Эргашев танҳо ҳангоми бегоҳӣ озими даста гардид. Ҳимоягар Давронҷон Эргашев("Тараз" Қазоқистон) ва Фарҳод Восиев("Оркенбург" Русия) бояд ба мунтахаб имрӯз ҳамроҳ шаванд",- омададааст дар хабар.
Қайд карда мешавад, ки бозингарони булғории "Дунав" Искандар Ҷалилов ва Нуриддин Давронов пагоҳ, санаи 4-уми октябр ба даста ҳамроҳ мешаванд.
Бозиро доварон аз Қазоқистон баҳодиҳӣ мекунанд. Довари асосии вохӯрӣ Денис Исмайлов муайян карда шудааст, омадааст дар хабари Федератсияи футбол.