Дар консерти идона, ки ба 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, Ҷурабек Муродов ва Ҷонибек Муродов, Шабнами Сурайё, Зулайхо Мамадшоева, Дамирбек Олимов ва дигар ҳунармандони санъати тоҷик баромад карданд.
Сарфи назар аз он, ки талаботҳои бехатарӣ зимни баргузории консерт хеле ҳам баланд буданд, мардуми зиёде барои тамошои ситораҳо ҷамъ шуда шуда буданд.

1/10
© Sputnik
Зимни ворид шудан ба майдон, ҳар як нафар аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз назар гузаронида мешуд.

2/10
© Sputnik
Аксари тамошобинон дар як тарафи майдон ҷой гирифтанд,ки аз он ҷо ҳунармандонро хеле хуб метавон дид.

3/10
© Sputnik
Ситораи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё.

4/10
© Sputnik
Ҳунарманди халқии ИҶШС Ҷурабек Муродов ҳангоми баромад кардан, барои шод намудани мухлисон ба онҳо наздиктар мешавад.

5/10
© Sputnik
Барои мухлисон тақдим кардани гул ба ҳунармандони дӯстдоштаашон хушбахтарин лаҳзаҳо буд, вале бо сабаби таъмини амният, на ҳама тавонистанд ба ҳунармандон гул диҳанд.

6/10
© Sputnik
Зулайхо Мамадшоева дар майдони асосии шаҳри Хуҷанд, ҳунарнамоӣ мекунад.

7/10
© Sputnik
Тамошобинон аз сурудҳои ҳунармандон ба ваҷд омада, рақс мекунанд.

8/10
© Sputnik
Ризокорон бо чеҳраҳои хаста ҳодисаҳои рухдодаро мушоҳида мекунанд.

9/10
© Sputnik
Ҳунарманди дӯстдоштаи мухлисони тоҷик, Ҷонибек Муродов-писари Ҷурабек Муродов.

10/10
© Sputnik
Дар баробари ҳунармандон, гурӯҳи рақсӣ ба консерт ҳусни дигар зам карданд.