Муҳоҷирони тоҷик ҳангоми депорт шудан фирор карданд

© Sputnik / Игорь Агеенко / Гузариш ба медиабонкМуҳоҷирон дар интизори депорт. Акс аз бойгонӣ
Муҳоҷирон дар интизори депорт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сенздаҳ муҳоҷири фироркарда дар ошёнаи якуми маркази нигаҳдории муваққатии вилояти Ленинград қарор доштанд. Шаш нафари онҳоро кормандони полис аллакай дастгир намудаанд.

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik.Муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ва Ӯзбакистон аз маркази нигаҳдории муваққатӣ дар шаҳри Гатчини вилояти Ленинград  фирори оммавӣ ташкил намуданд.

Гирифтани патент дар маркази бисёрфунксионалӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКД: 173 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ шиносномаи русӣ гирифтаанд

Чуноне ки РИА Новости хабар медиҳад, шаҳрвандони Осиёи Марказӣ барои вайрон намудани қонуни муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Русия дастгир карда шудаанд.

"Дар маркази нигаҳдории муваққатии шаҳри Гатчин дар ошёнаи якум 13 нафар муҳоҷирони дастгиршуда девори марказро сӯрох намуда ба воситаи он фирор карданд",- гуфт ҳамсӯҳбати оҷонсӣ.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки  фироркардагон асосан шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон мебошанд.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар муддати кӯтоҳ тавонистанд шаш нафар фироркардагонро дастгир намоянд, боқимондаҳоро ҳоло кофтуков карда истодаанд.

Пештар хабар дода шуда буд, ки муҳоҷире аз Тоҷикистон аз маркази нигаҳдории муваққатӣ фирор кардааст. Ӯ ба воситаи вайрон намудани панҷараҳои оина якҷоя бо дигар муҳоҷирон аз дохили бино ба воситаи арғамяини худсохт аз ошёнаи шашум ба поён фаромадааст.

Лентаи хабарҳо
0