Кашфи Азамат: “шамолдиҳак” дар дохили крассовкаҳо

© Фото : Пресс-служба НИТУ МИСиС, Мария БродскаяКрассовкаҳои шамолкунакдор. Акс аз бойгонӣ
Крассовкаҳои шамолкунакдор. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Донишҷӯи бахши дуюми магистратураи Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологӣ “МИСиС” намуди нави крассовкаҳоро бо “шамолдиҳак” таҳия кардааст.

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Азамат Тавитов донишҷӯи бахши дуюми магистратураи донишгоҳи "МИСиС"-и Русия пойафзолҳои нави варзиширо бо "шамолдиҳак" ба ҷаҳониён муаррифӣ кард, хабар медиҳад  РИА Новости.

Дастгоҳ бо истифода аз технологияҳои иловагии 3D-чопкунак омода шуда, аз батария, алоқаи Bluetooth ва идоракунии электронӣ иборат аст.

Мувофиқи технологияи истифодабарии крассовкаҳои нав имкон аст, ки бо истифода аз смартфон, ҳарорати даркорӣ дар дохили пойафзол фармоиш дода шавад.

"Ин ақида аз зарурати оддии салқин будани пой дар рӯзҳои гарми фасли тобистон пайдо шуд. Мақсад аз таҳияи лоиҳаи мазкур идора кардани ҳарорати дохили пойафзол (ё дигар намуди либос) новобаста аз ҳарорати ҳавои беруна мебошад",-мегӯяд кошифи ҷавон.

Дар идомаи сӯҳбат Азамат қайд кард, ки "албатта ин кашфиёти наонқадар муҳим аст, чунки таҷрибаҳои ба ин монанд аллакай дар дигар мамлакатҳо, аз ҷумла дар Ҷопон гузаронида шуда буд, вале аз нигоҳи технологияи муҳандисӣ ин кашфиёт шавқовар аст",-гуфт Азамат Тавитов.

1/4
Дастгоҳ бо истифода аз 3D-чопкунак дар озмоишгоҳи электронии Fablab-и донигоҳи МИСиС омода шудааст

Мувофиқи технологияи истифодабарии крассовкаҳои нав имкон аст, ки бо истифода аз смартфон, ҳарорати даркорӣ дар дохили пойафзол фармоиш дода шавад.

Лентаи хабарҳо
0