Арзон ва қулай: чиптаҳои нави метро дар Тошканд

© Commons.wikimedia / ElyaИстгоҳи метро дар Тошканд. Акс аз бойгонӣ
Истгоҳи метро дар Тошканд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чиптаҳои нави метро дар Тошканд аз 29-уми сентябри соли 2016 мавриди истифода қарор мегиранд. Тағйироти мазкур ба хотири сафари қулай ва арзони сокинони пойтахт ва меҳмонон ба роҳ монда шудааст.

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Шурӯъ аз 1 октябри соли равон дар Тошканд намуди нави чиптаҳои метроро бо мақсади сафари қулайтар ва арзонтари бошандагони пойтахт ва меҳмонони шаҳр ба роҳ монда мешавад, хабар медиҳад Sputnik Узбекистон.

Шавкат Мирзиеёв. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Президенти муваққатии Узбакистон рӯи нахустин қонуни худ имзо гузошт

Чиптаҳои якмоҳа:

— N (барои нафақахӯрон — автобус) — 60 000 сум

— T (барои донишҷӯён — автобус) — 60 000 сум

— O' (барои мактаббачагон — автобус) — 60 000 сум

— AV(барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа-автобус) —120 000 сум,

Чиптаҳои иловагӣ:

— NM (барои нафақахӯрон — автобус ва метро) — 83 000 сум

— ТM (барои донишҷӯён — автобус ва метро) — 83 000 сум

— O'M (барои мактаббачагон — автобус ва метро) — 83 000 сум

— AVM (барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа — автобус ва метро) — 166 000 сум барои сафар дар нақлиёти ҷамъиятии рӯизаминӣ ва зеризаминӣ.

Чиптаҳои нави нақлиётӣ аз 29 сентябри соли 2016 мавриди истифода қарор мегиранд.

Лентаи хабарҳо
0