Аъзоёни ДИ, ки дар Қирғизистон куштор омода менамуданд, ҳукми зиндон гирифтанд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкДастгиршудагон бо гумони содир намудани ҷиноят. Акс аз бойгонӣ
Дастгиршудагон бо гумони содир намудани ҷиноят. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷанговарон ба ҷануби Қирғизистон омаданд, то куштор ба амал оранд ва ғоратгарӣ намоянд - ба ин васила ба гурӯҳҳои террористии дар хориҷабуда кӯмак кунанд.

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Аъзоёни гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ"(ДИ, мамнӯъ дар Тоҷикистон), ки мехостанд дар ҷануби Қирғизистон амалҳои куштор ва ғоратгарӣ анҷом диҳанд, ба мӯҳлати тӯлонӣ ба зиндон маҳкум карда шудаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии амнияти милии (КДАМ) Қирғизистон.

Кормандони полис дар ҷойи ҳодиса дар Бишкек - Sputnik Тоҷикистон
Дар сафоартхонаи Чин дар Бишкек таркиш ба амал омад

"Аз тарафи суди шаҳрии Ош нисбати 4 нафар аъзои гурӯҳи ДИИШ ҳукм бароварда шуд, ки онҳо моҳи март  аз тарафи кормандони мақомоти КДАМ Қирғизистон мувофиқи моддаҳои пешниҳодгардида бо далели иштирок дар як қатор гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, бандитизм ва маблағгузорӣ ба терроризм дастгир гардидаанд. Аз ҷумла, шаҳрванд Х.А., соли таваллуди 1995 шонздаҳ сол аз озодӣ маҳрум гардид, шаҳрванд Р.А., соли таваллудаш 1989 даҳ сол аз озодӣ маҳрум карда шуд",- хабар медиҳад хадамоти матбуот.

Мувофиқи маълумотҳои КДАМ суд ҳамчунин ду шаҳрванди Ӯзбакистонро, ки соли таваллудашон 1994 мебошад ба 17 ва 18 сол дар калоняҳои низомаш сахт аз озодӣ маҳрум намуд.

Аз хадамоти махсус маълумот доданд, ки ин гурӯҳи террористӣ аз тарафи намояндагони шабакаи иҷтимоии WhatsApp  ва "Одноклассники" ташкил дода шудаанд. "Дастгиршудагон ҳангоми сафари меҳнатӣ дар хориҷа ба гурӯҳи террористии мазкур ба таври идеологӣ ҷалб карда шуданд. Баъдтар бо баҳонаи лозим донистани "ҷиҳод" онҳоро бо Қирғизистон ба шаҳри  Ош равон карданд. Ин чор нафар ҷиноятпеша вазифадор карда шуда буданд, ки панҷ нафар истиқоматкунандагони ин шаҳрро ба қатл расонанд. Онҳо ба фикри ҷинояткорон кофир ба ҳисоб мерафтанд",- хабар доданд аз раёсат.

Имрӯзҳо ДИ яке аз хатарҳои асосии амнияти ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Дар муддати се сол террористон тавонистанд, ки минтақаҳои зиёди Ироқ ва Сурияро аз худ намоянд.  Ғайр аз ин онҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ба кишварҳои Африқои Шимолӣ аз ҷумла Либия таъсири худро расонанд. Мувофиқи маълумотҳои гуногун ҳудуди идоракунандаи ДИ ба 90 ҳзр. км квадратӣ расидааст. Маълумотҳо дар барои шумораи аъзоёни гурӯҳи террористӣ низ гуногун мебошанд- аз 50 ҳзр то 200 ҳзр ҷанговар.

© Инфографика"Давлати исломӣ"
Давлати исломӣ - Sputnik Тоҷикистон
"Давлати исломӣ"
Лентаи хабарҳо
0