Шахси номаълум бо таҳдиди тапонча аз Сбербанк пул дуздид

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкБинои Сбербанки Русия. Акс аз бойгонӣ
Бинои Сбербанки Русия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дузд аз ҷои ҳодиса ғайб зада, бино ба гуфтаи манбаъ, ҳангоми гурехтан аз дасташ қисми пулҳо дар даромагоҳ ба замин афтодаанд.

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Дар шаҳри Маскав ба бинои "Сбербанк" шахси номаълум бо таппонча дар даст ворид шуда аз он ҷо чандин ҳазор рубли русиро рабудааст.

Мувофиқи иттилои манбаъ ҳодиса субҳи ҳамин  рӯз ба вуқӯъ пайваст.

"Ғоратгар ба дохили бинои Сбербанк ворид шуда, бо таппонча таҳдид кард ва 60 ҳазор рубли русиро аз худ карда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст",-иттилоъ дод ба РИА Новости манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Бино би гуфтаи ӯ қисме аз пулҳо ҳангоми гурехтани ғоратгар дар дари даромадгоҳи бонк аз дасташ ба замин афтодаанд.

Дар хадамоти матбуоти Сарарёсати ВКД-и шаҳрӣ далели ғоратгариро тасдиқ карда, дар бораи миқдори умумии пули дуздидашуда маълумот надоданд. Аз рӯи ҳодисаи ғоратгарӣ кормандони ҳифзи ҳуқуқ тафтишот бурда истодаанд.

Дар навбати худ аз дафтари матбуоти Сбербанк ба РИА Новости хабар доданд, ки дар пайи ҳамлаи ғоратгарона "ягон кас аз муштариён осеб надидааст".

"Айни замон дар идораи бонк корҳои тафтишотӣ бурда истодаанд. То охири рӯзи 28 сентябр хизматрасонии муштариён манъ карда мешавад. Бонки наздиктарини Сбербанк бо суроғаи: Москва, Открытое шоссе, 25 метаовнад ба муштариён хизмат расонад",-гуфта мешавад дар хадамоти матбуоти Сбербанк.

Лентаи хабарҳо
0