Дар Маскав маркази фароғатӣ-фарҳангии “Тоҷикистон” сохта мешавад

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкМаркази фарҳангӣ дар Маскав. Акс аз бойгонӣ
Маркази фарҳангӣ дар Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази фарҳангӣ-фароғатии Тоҷикистон дар Маскав аз бинои дуошёнаи ғунҷоишаш 510 нафар иборат хоҳад буд. Дар он студияҳои гуногун ва маҳфилҳои мухталиф фаъолият хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik.  Бо ба итмом расонидани корҳои барқарорсозии кинотеатри Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Строгинои шаҳри Маскав воқеъ аст, то соли 2018 ташкили маркази фарҳангию фароғатии Тоҷикистон дар назар аст, омадааст дар хабарномаи шаҳрдорӣ.

Пудратчии асосии сохтмон дар семоҳаи чоруми соли 2016 муайян карда мешавад, қайд мешавад дар хабар.

Ифтитоҳи дубораи гӯшаи фарҳангии Амрико дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе “Гӯшаи фарҳангии Амрико” дубора фаъол шуд

Охирҳои моҳи август хабар дода шуд, ки мувофиқи лоиҳа маркази фарҳангӣ-фароғатии Тоҷикистон дар Маскав аз бинои дуошёнаи ғунҷоишиш 510 нафар иборат хоҳад буд. Дар он студияҳои гуногун ва маҳфилҳои мухталиф фаъолият хоҳанд кард.

Ҳамчунин дар маркази фароғатӣ-фарҳангӣ қаҳвахона бо майдончаҳои иловагии тобистона, як таваққуфгоҳ барои 50 адад мошин, ки чортои онҳо барои шахсони имконияташон маҳдуд омода шудаанд, сохта мешавад.

Охирҳои соли 2014 сохтори  ADG Group дар музояда кинотеатрҳои ноҳияҳои канории Маскавро бо 9,6 миллион рубли русӣ ба даст овард. Дар нақша аст, ки кинотеатрҳо ба марказҳои фарҳангию фароғатии ноҳиявӣ, бо дарназардошти хоҳиши сокинони ноҳия табдил дода шаванд. Дар баробари намоиши кино, мағозаҳо, қаҳвахонаҳо дар марказҳои ҷадид барномаҳои фароғатӣ-фарҳангӣ, омӯзишӣ ва маҳфилҳои гуногун барои мардуми синну соли мухталиф ташкил карда мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0