Бодирингҳои “Бетховен”-и соҳибкори қирғиз тамоми Алмааторо тасхир карданд

© Фото : Тилек ТоктогазиевЯрмарка-намоиши маҳсулоти полезӣ дар Алмаато. Акс аз бойгонӣ
Ярмарка-намоиши маҳсулоти полезӣ дар Алмаато. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соҳибкор аз Қирғизистон барои парвариши маҳсулоти полезӣ ва сабзавот роҳи ғайриоддиро истифода мекунад. Бо тарзи парваришаш фурӯшанда тамоми Алмааторо тасхир кард.

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Фурӯшандаи бодиринг аз Қирғизистон дар фестивали маҳсулоти кишоварзии Қазоқистон ситораи ҷашнвора гардид.

Ярмарка-намоиши Koktobe Bazart рӯзҳои истироҳати гузашта дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Дар ду рӯзи ярмарка-намоиш, маҳсулоти полезии Тилек Токтогазиев, ки то ин дам ба парвариши сабзавот дар гармхона машғул буд, таваҷҷӯҳи харидорони зиёдро ба худ ҷалб кард.

Дар саҳифаи  Facebook-и худ ӯ навиштааст, ки бодирингҳоро таҳти мусиқии Бетховен парвариш мекунад. Баъди ин дар тамоми саҳифаҳои иҷтимоӣ аксҳои бодирингҳои "Бетховен" пайдо шуданд.

"Ин на танҳо роҳи маркетологӣ, балки барои таркиби бодирингҳо низ фоидабахш аст, ки кайҳо боз аз тарафи олимон исбот шудааст. Ба фикрам дар ҳамин намоиш ҳама бо бодирингҳои мо акс гирифтанд. Мо шодем, ки ба воситаи маҳсулоти бо ишқ парвардашуда, ба мардум хушнудӣ мебахшем",-гуфт Токтогазиев.

Як килограмм бодиринг дар ин намоиш бо нархи 30 сом (3,5 сомонӣ) ба фурӯш монда шуда буд.                     

Лентаи хабарҳо
0