ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Вазорати меҳнати Ҷумҳурии Узбакистон дар бораи манъи истифодаи меҳнати маҷбурии кӯдакон ҳангоми пахтачинӣ ёдовар шуд.
Да Ҷумҳурии Узбакистон конвенсияи Ташкилоти байналмиллии меҳнат "Дар бораи меҳнати маҷбурӣ" ва "Дар бораи барҳам додани кори маҷбурӣ" (№105), "Дар бораи синну соли ҳадди ақал барои кор" ва "Дар бораи манъ кардан ва қабули меъёрҳои зарурӣ барои аз байн бурдани меҳнати кӯдакон" ба тасвиб расид.
Моҳҳои январ-августи соли 2016 дар байни мақомотҳои дахлдор, роҳбарият, муаллимон, хонандагони 35 колеҷҳои касбӣ ва 5 литсейҳои академиявии вилояти Самарқанд бо мақсади ҷалб накардани кӯдакони то 18 сола ба меҳнати маҷбурӣ ва пахтачинӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Ҳамчунин дар соҳаи тандурустӣ: дар поликлиникаҳо, нуқтаҳои тиббии қишлоқҷоёҳо бо иштироки роҳбарият ва намояндагони ин муассисаҳо 54 дарсҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд.
Айни замон зиёда аз 180 кишвари ҷаҳон аъзои Ташкилоти байналмилалии меҳнат мебошанд. Узбакистон соли 1992-юм аъзои комилҳуқуқи ин созмон гардида, 13 Конвенсияи ТБМ-ро ба тасвиб расонд. Татбиқи меъёрҳои меҳнат яке аз самтҳои асосии фаъолияти ин созмон ба шумор меравад.