ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Шоми рӯзи душанбе дар шаҳри Дрездени Олмон ду таркиш ба вуқӯъ пайваст, ки яке дар назди бинои масҷид ва дигаре дар назди маркази конгрес ба қайд гирифта шуд.
Таркишҳо дар назди бинои масҷид ва маркази конгрес ба мал омада дар пайи он касе захм набардоштааст, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба Bild.
"Гарчанде то ҳол таркишро гурӯҳе ба дӯш нагирифта бошад ҳам мо ин ҳодисаро чун ангезаи бегонагон тафтиш мекунем. Дар баробари ин мо ҳодисаро бо ҷашнгирии рӯзи ваҳдат, ки дар рӯзҳои истироҳат таҷлил карда мешавад алоқаманд медонем",-изҳор дошт сардори полиси маҳаллӣ Хорст Кретсшмар.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, ки дар назди биноҳои таркида, пораҳои таҷҳизоти таркандаи худсохт ёфт гардиданд.