Дар Қирғизистон ҳаҷми нафақа зиёд мешавад

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкБинои парлумони Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ
Бинои парлумони Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрвандони кишвар бо ҳисоби миёна дар қиёс бо нафақаи ҳозира то 8-15% зиёдтар хоҳанд гирифт. Махсусан нафақахӯроне, ки дар як моҳ аз 10 ҳазор сом камтар нафақа мегиранд,бояд интизори боло рафтани музд бошанд.

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Аз аввали моҳи октябр дар Қирғизистон ҳаҷми музди нафақахӯрон боло бурда мешавад.

"Моҳи октябри соли 2016 нафақахӯрон музди худро бо ҳаҷми зиёдтар мегиранд",-қайд шуд дар ҳукумат.

Қарори мазкур рӯзи душанбе аз ҷониби сарвазири кишвар Сооронбой Жээнбеков ба имзо расид.

Нафақахӯр ба ҳисоби нафақа машғул аст. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷми идрорпулӣ ва маошу нафақа дар Тоҷикистон зиёд шуд

"Нахуствазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков рӯи қароре имзо гузошт, ки мувофиқи он шурӯъ аз 1 октябри соли 2016 ҳаҷми музди нафақахӯрон зиёд карда мешавад… Ба ҳисоби миёна ҳаҷми нафақа 5,173 ҳазор сом (75 доллар)-ро ташкил хоҳад дод. Дар аввали соли 2016 ҳаҷми миёнаи нафақа 4,735 ҳазор сом буд",-хабар дода мешавад дар хадамоти матбуоти сарвазири кишвар.

Мувофиқи қарор зиёд шудани қисми суғуртавии нафақа гуногун хоҳад буд. Ҳамин тавр, нафақахӯроне, ки то ин дам аз 10 ҳазор сум камтар  музд мегирифтанд, то 15% боло бурда мешавад.

Нафароне, ки музди нафақаашон зиёдтар аст то 8 фисад маблағи иловагӣ хоҳанд гирифт. Ҳамчунин аз тарафи ҳукумат музди нафақаи маъюбони гурӯҳи якум, ки айни замон 4,7 ҳазор сомонро ташкил медиҳад низ зиёд карда хоҳад шуд.
Шумораи умумии нафақахӯрон дар Қирғизистон 604,8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

© SputnikСинни нафақаи шаҳрвандони ИДМ
Синни нафақаи шаҳрвандони ИДМ  - Sputnik Тоҷикистон
Синни нафақаи шаҳрвандони ИДМ
Лентаи хабарҳо
0