ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои ҷаҳон оид ба нишондиҳандаҳои ҳаёти солим, саломатӣ аз байни 188 кишвари ҷаҳон 99-ум шуда, аз байни кишварҳои ОМ дар сафи 4-ум қарор дорад.
Рейтинг аз ҷониби маҷаллаи тиббии The Lancet таҳия шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ раддабандии мазкур бар асоси нишондиҳандаҳои фавти кӯдакон, ҳалокат дар садамаҳои нақлиётӣ, фарбеҳии кӯдакон, истеъмоли машруботу истифодаи тамоку, бемории СПИД, сил, гепатити В ва шумораи худкушӣ омода шудааст.
Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ давлати ҳамсоя-Узбакистон пешсаф буда, дар ҷои 55-ум қарор дорад. Туркманистон 60-ум, Қазоқистон 85-ум, Тоҷикистон 99-ум ва Қирғизистон бошад 113-ум шудааст.
Мақоми аввалро за рӯи солимтарин шаҳрвандон Исландия гирифта, дар панҷгонаи аввали раддабандӣ-Исландия, Сингапур, Шветсия, Андорра ва Британияи Кабир ҷой гирифтанд.
Рейтинг байни 188 давлати ҷаҳон гузаронида шуд.