ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Дар донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия Маркази хабарии донишҷӯён ба кори худ шурӯъ кард, иттилоъ дода мешавад дар торномаи донишгоҳ.
Марказ моҳи майи соли 2016 ташкил карда шуд. Ифтитоҳи марказ ба 20 солагии бунёди донишгоҳ бахшида шудааст.
"Ҳадафи асосии марказ инъикоси воқеъаҳои муҳими ҳаёти донишгоҳ тариқи роҳҳои гуногуни васоити ахбори омма мебошад",-омадааст дар хабарнома.
Бино ба иттилои манбаъ, дар Маркази хабарии донишҷӯён натанҳо маводҳои хабарӣ, балки мақолаҳо аз рӯи жанрҳои гуногуни журналистикаро дарёфт кардан мумкин аст.
Донишҷӯёне, ки дар факултаи журналистика таҳсил мекунанд, таҳти роҳбарии устодон Р.А. Воҳидова ва Ф.Б.Бобоева саҳифаҳои хабарии марказро аз маводҳои тару тоза пур мекунанд.
Қайд мегардад, ки фаъолияти Маркази хабарии донишҷӯён ба рушди малакаи журналистии донишҷӯён таъсири мусбат хоҳад дошт.
"Мо ба шумо дастрас намудани хабарҳои тозатарин, рост ва касбиро кафолат медиҳем",-гуфта мешавад дар торнома.