ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Акнун дар яке аз шаҳрҳои бузургтарини Тоҷикистон китобхона, ки дар он адабиёти гуногуни нависандагони бритонӣ ҷой дорад, ташкил карда мешавад.
Чуноне нашриёти The Guardian менависад, китобҳо ба мардуми Қурғонтеппа ройгон тӯҳфа карда шуда, аллакай ба Тоҷикистон интиқол дода шудаанд. Китобҳо дар доираи лоиҳаи Sworde-Teppa, ки соли 2000 дар якҷоягӣ бо дастгирии шаҳрванди Тоҷикистон бунёд гардидааст ба шаҳри Қурғонтеппа оварда шуданд.
Ҳамаи китобҳо 10 сол боз дар китобхонаи маҳаллӣ нигоҳ дошта шуда, акнун ба Тоҷикистон фиристонида шуданд.
"Ман хабар ёфтам, ки сокинони шаҳристони Кент мехоҳанд 30 ҳазор китобро нобуд созанд, барои ҳамин ҳам чандин маротиба бо мошини падарам онҳоро кашонида дар ду контейнер ба Тоҷикистон фиристодам",-изҳор дошт Пол Марчант, сокини 50-солаи шаҳри Тонбридж ва роҳбари лоиҳа.
Марчант нақл кард, ки бори аввал соли 1999 ба Тоҷикистон ба сифати этномолог (коршинос оиди ҳашарот-шарҳ аз идора) сафар карда буд. Ба гуфти ӯ лоиҳаи Sworde Teppa дар аввал ҳамчун ташкилоти экологӣ фаъолият мекард. Вақте маълум шуд, ки ҷавонони Тоҷикистон барои омӯзиши забони англисӣ ва рушди минбаъда шароити наонқадар хуб доранд, барномаи омӯзиши забони англисӣ чун шохаи иловагии лоиҳа барпо карда шуд.
Тадриҷан барномаи омӯзишии забони англисӣ дар ташкилот самти асосии лоиҳа гардид. Дар давоми 10 сол наздики 3 ҳазор нафар аз омӯзиши ин забон бархӯрдор шуданд. Як моҳи таҳсил 80 сомонӣ нарх дорад, вале аксари хонандагон-аз оилаҳои камбизоат, муаллимон, кӯдакони маъюб дар мактаб ройгон таҳсил мекунанд.
Марчант изҳор дошт, ки бо мақсади пардохти саривақтии маоши омӯзгорон ва идораи фаъолияти мактаб ӯ маҷбур шуд, то аз сафар ба ватанаш даст кашад.