ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ду шаҳрванди Ҷумҳурии Либерия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир гардиданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД ҶТ.
Бино ба иттилои манбаъ ба мақомоти милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе дар хусуси қаллобӣ муроҷиат намудааст, ки рӯзи 19.09.с.2016, дар кӯчаи Деҳи болои пойтахт ду нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Либерия, марди 49 ва 52-сола, муваққатан истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе, худро тоҷирони калони ширкати хориҷӣ муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 100 000-доллари амрикоӣ ва 10 000-евро гирифта, ғайб задаанд.
"Ду нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Либерия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир гардиданд",-омадааст дар хабарнома.
Дар баробари ин манбаъ хабар медиҳад, ки кормандони мақомоти милитсияи ноҳияи Фирдавсии пойтахт сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ҷавондухтари 17-соларо ба гумони даст доштан дар дуздии як миқдор маснӯоти тиллоӣ ба маблағи умумии 9 ҳазор сомонӣ боздошт карданд.
Хадамоти матбуоти вазорат дар мавриди ин ҳодиса маълумот медиҳад, ки боздоштшуда пинҳонӣ ба манзили сокини 39-солаи шаҳри Душанбе ворид гардида, аз он ҷо ҷавоҳироти тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ҳарду ҳодисаҳои қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.