Фарзанди маро куштанд, вале ман даъво надорам...

© Sputnik / Сергей ПятаковСадамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ
Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз кай боз дар Тоҷикистон қарори даъво накардани волидони қурбониёни садамаҳои нақлиётӣ дар сатҳи қонунгузорӣ чун бахшиши мутлақ пазируфта шудааст?

Чанде қабл дар Душанбе садамаи навбатии нақлиётии маргбор, ки аз ҷониби писари боз як нафари баландпоя ба амал омад. Фаромӯз Саидов-писари муовини нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов ба мошини хизматрасонии коммуналӣ бархӯрда дар пайи он корманди мақомот-Рустам Сатторови 30 сола ва мусофираш  зани 25 сола-Ҳилола Раҳимова ба ҳалокат расиданд.

Вале ин садама ҳаигомаҳои зиёдеро бархост, чун ҳамагон дарҳол қарор доданд, ки айбдор ҷазо нахоҳад гирифт.

Тоҷикистониён тадриҷан ба садамаҳое, ки аз ҷониби фарзандони мақомдорон, ки ба марги як, ду ва ҳатто се нафар боис шудааст, одат мекунанд. Баланд кардани суръат, нӯшокиҳои спиртӣ, маводи мухаддир ва ё рафтори дағалона-сабаби асосӣ нест. Хулосаҳои тафтишот, чун қоида бо шаҳодати шоҳидон ва нафарони дар пайи садама зиндамонда баробар намеояд. Тӯли ин солҳо дигараш маро дар ҳайрат мегузошт-дигаргуншавии афкори омма.

Дар аввал нисбати "ҷавонони тиллоӣ" ва волидайнашон, ки бо истифода аз мақомҳои баланди худ тафтишотро бидуни ҷазо додани фарзанди ин ё он мақомгузори давлатӣ анҷом медоданд, хашму нафрат буд. Ҳа, бале, айбдоршудагонро на гунаҳкоронро. Ба сифати ҷазо ҷавонони тиллоиро ба дигар кишварҳои хориҷа барои таҳсил кардани равон мекарданд, бигзор, фаҳманд….

Баъдан хашми ҷамъият, мантиқан-бо зиёд шудани шумораи садамаи нақлиётӣ ба милитсия гузашт. Эҷод кардани хулосаҳои афсонавии тафтишот барои ВКД каме мушкилтар шуд, чун шумораи чунин ҳодисаҳо зиёд шудан мегирифт. Барои ҳамин хашми халқ боло мегирифт ва боварӣ ба милитсия ва ВКД паст мешуд.

Вале халқ одат кард, ВАО низ, ки солҳои аввал роҳи ВКД-ро хӯрда карда буданд. Акнун осонтар шуд, ба ҳамаи чуни ҳодисаҳо аз бойгонӣ бэкраунд илова мешавад, ҳангома омода шуда, аз сари нав афсона навишта мешавад. Ҳамаи ин таърихот чун анъана хулоса надоранд, вале рӯзноманигорон низ дер боз кушиш намекунанд, ки хулосаи ҳодисотро  то охир пайгирӣ кунанд.

Худ қазоват кунед. Пурсарусадотарин садама се сол қабл бо иштироки Расул Амонулло писари хурдии собиқ роҳбари идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон ба амал омад, ки дар пайи он се нафар ба ҳалокат расиданд. ВКД он замон ҳафт маротиба ҳодисаро санҷида, тавонист, исбот созад, ки дар сари чанбараки мошин на соҳиби нақлиёт балки, тамоман шихси дигар нишаст будааст. Вале оё ин шахси дигар ҷазо дода шуд ё не номаълум мемонад.

Дар замонҳои гуногун чунин садамаҳои нақлиётӣ ҷони чандин касонро  рабудааст, бо айби писари раиси Додгоҳи Олӣ-Фарҳод Абдуллоеви 24 сола (парвандаи ҷиноӣ боз дошта шудааст), мувофиқи сару садоҳо-писари сардори Сарраёсати иҷрои таҳримҳои ҷиноятии Вазорати адлия (парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд, вале баъди чанде баста шуд), писари собиқ Дабири Шӯрои бехатарӣ-Бобур Азимов (аз озодӣ маҳрум карда шуд, вале баъдан авф шуд).

Next: писари раиси корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"-Бахтиёр Тағоймуродов, ёрдамчии прокурори ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Фируз Холиқзода (авф карда шуд).

Акнун Фаромуз Саидови 23-сола. Анҷоми тафтишот маълум нест, вале ҳеҷ як нафаре ба ҳайрат намеояд, агар маълум шавад, ки сари чанбарак на ӯ будааст ё нақлиёт дар ҳолати бад будааст. Инаш муҳим нест. Ин дигар чиз муҳим аст…

Чуноне маълум шуд, хешу табори қурбониёни садама ба гунаҳкори қазия шикояте надоранд.

Агар то ин дам шумо аҳамият надода бошед, пас каме бодиққаттар назар андозед, ки то чи қадар ибораи-"мо ягон шикоят надорем" ба зиндагии 95 фисади аҳолии кишвар, ки мутаассифона на чун писарони вазирону коргарони баландмақом, тағодору холадор, на чун шаҳрвандони ҳуқуқдону ҳуқуқдор балки танҳо чун одамони оддӣ ба дунё омадаанд, амиқ ҷой гирифтааст.

Вале аз кай боз қарори шикоят накардан бахшиши мутлақ, дониста мешавад ҳатто дар сатҳи қонунгузорӣ? Барои чӣ набудани даъвоҳо сабаби қариб ки расмии қатъ намудани парвандаҳои чунин ҷиноёти вазнин мегардад?

Эҳтимолан, оилаҳо байни ҳам бар ивази (пул ё аз тарс)  куштори фарзандашонро қабул кунанд. Вале фаҳмонед, барои чӣ мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ба чунин ҳодисаҳо роҳ медиҳанд? Чарои  парвандаҳо то охир омӯхта намешаванд, чаро касе ҷазо дода намешавад?  Дар асоси он, ки хешу таборони қурбониён даъво надоранд?

Пас қонунҳо бароямон чӣ лозим-мафҳуми волоияти қонун чӣ даркор?  Биёед ин роҳро то охир идома медиҳем-додгоҳ, прокуратура ва дигар ёдгориҳои демократияро низ бекор мекунем. Ҷавонони тиллоӣ аз ягон чиз танқисӣ нахоҳанд дошт, вале  зиндагии камбизоатон беҳбуд хоҳад шуд… Бадбинона ва даҳшатнок?  Ҳа!  Вале на зиёд аз ҳодисаҳое, ки имрӯз бо мо-халқи бахшоянда рух медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0