Коршиносони тоҷик дар Остона масъалаи муҳоҷиратро баррасӣ мекунанд

© Посольство Таджикистана в РоссииМуҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Маскав. Акс аз бойгонӣ
Муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони ҳафт давлат дар чорчӯбаи вохӯрии дуҷонибаи хеш дар масоили ҷойивазкунии аҳолӣ, ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва гурезагон, ҳамчунин ҳамкориҳои минтақавӣ ибрози андеша мекунанд.

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Дар пойтахти Қазоқистон муколамаи машваратии минтақавии "Алматинский Процесс"(Раванди Алмато) оид ба ҳифзи гурезагон ва муҳоҷирони байналмиллалӣ баргузор мегардад.

Аъзои шӯрои ҷамъиятии РХМР дар Маскав Юрий Московский. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Маҳдуд намудани фаъолияти муҳоҷирон ба иқтисоди Русия зарари ҷиддӣ меорад

Ба  Остона коршиносон ва намояндагони хадамоти муҳоҷирати Қирғизистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Афғонистон, Туркманистон, Озаббойҷон ва Туркия ташриф оварданд.

Чуноне ки Sputnik Қирғизистон бо истинод ба Ташкилоти байналмиллалӣ оид ба муҳоҷират дар Қирғизистон хабар медиҳад, дар рафти вохӯрии дурӯза тарафайн масоили ҷойивазкунии аҳолӣ,  ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва гурезагон ҳамчунин ҳамкориҳои минтақавиро дар сатҳи олӣ баррасӣ мекунанд.

Мақсади вохӯрӣ таҳкими иқтидори кишварҳои узви Иттиҳод дар ҳалли мушкилиҳои марбут бо ҷараёни муҳоҷирати омехта дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Мусъалаи муҳоҷирати аҳолӣ ҳамчунин барои Русия аҳамияти калон дорад. Ҳамин тавр, муҳоҷирон дар нимсолаи аввали соли 2016 ваъияти демографии Русияро беҳтар намуда, қариб ба 141,9 ҳзр нафар шумораи аҳолии Русияро зиёд карданд ва ба ин восита Русияро аз хатари коҳишёбии табии аҳолӣ эмин нигоҳ доштанд.

Лентаи хабарҳо
0