Хуршед Шарипов-ғолиби қаҳрамонии ОМ дар риштаи гуштӣ

© Sputnik / Александр Кондратюк / Гузариш ба медиабонкМусобиқаи гуштӣ. Акс аз богйонӣ
Мусобиқаи гуштӣ. Акс аз богйонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чемпионат аз рӯи сабки классикӣ доир гардид. Беҳтарин размоварони Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон ва ду мунтахаби Тоҷикистон дар вазнҳои 62 ва 100 кг байни ҳам рақобат карданд.

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии Осиёи Марказӣ аз рӯи гуштӣ иштирок карданд. Мусобиқа дар Амфитеатри қасри "Арбоб"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Дар сабқат, ки аз ҷониби Федератсияи гуштии Осиё гузаронида шуд 60 варзишгар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат карданд.

Қаҳрамонӣ аз рӯи сабки классикӣ доир гардид. Беҳтарин размоварони Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон ва ду мунтахаби Тоҷикистон дар вазнҳои 62 ва 100 кг байни ҳам рақобат карданд.

Нокомии дзюдочиёни тоҷик дар Дюсселдорфи Олмон

Дар даври ниҳоии мусобиқа ду варзишгари тоҷик-Хуршед Шарипов ва  Абдусалом Саломов бо ҳам вохӯрданд. Ҳамин тавр дар даври финалӣ Хуршед Шарипов ғолиби сабқат гардид.

Соли гузашта Хуршед Шарипов дар қаҳаромнии ҷаҳон ва чемпионати Осиё  аз рӯи гуштӣ мақомҳои аввалинро ба даст овард. Варзишгар дар бораи таассуроти худ аз мусобиқаҳо нақл кард.

"Албатта аз баромади худ розӣ ҳастам, ба мақсадам расидам, боварии устодонамро қоил шудам. Вале бо ин дастовардҳоям қаноматманд шуда наметавонам. Дар пеш-қаҳрамонии ҷаҳон-2016, ки моҳи ноябр дар шаҳри Остона баргузор мегардад маро интизор аст. Дар баробари ин, ҳадафи асосӣ-омодагӣ ба 5-умин боҳизои Осиё, ки соли 2017 дар шаҳри Ашқобод (Туркманистон) баргузор хоҳанд шуд",-изҳор дошт варзишгар.

Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сӯҳроб Негматов низ аз баромади дастпарвараш-Хуршед Шарипов розӣ ҳаст.

"Натиҷае, ки Хуршед нишон дод-тааҷубовар аст,-гуфт мураббӣ. Ӯ бо шарофати фидокории хуб ба чунин комёбиҳо ноил шуд. Ӯ аз ҳаштсолагиаш ба гуштӣ машғул шуд ва аз рӯзҳои аввали машқ нишон дод, ки омода аст танҳо барои мақомҳои баланд мубориза барад. Боварӣ дорам, ки дар оянда ӯ дар мусобиқоти бонуфузи ҷаҳонӣ ғолиб мешавад".

Лентаи хабарҳо
0