ДУШАНБЕ, 17сен — Sputnik. Кӯҳнаварди ҷавони тоҷик Фарҳод Мӯминов ба таври худ ҷашни истиқлоли давлатиро пешвоз гирифт.
"Ба муносибати 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ман 32-умин маритиба ба баландкӯҳҳо баромадам, ин дафъа қуллаи АлбурсиАврупоро (5642м) интихоб намудам",- навиштааст ӯ дар саҳифаи худ дар Facebook.
Мӯминов ба наздикӣ аз ин дастоварди хеш ба дӯстонаш нақл кард. Ҳарчанд Тоҷикистон истиқлолияти хешро санаи 9-уми сентябр ҷашн гирифта бошад ҳам, варзишгар бори дигар ҳамватанонашро бо ҷашни солгард муборакбод намуд.
"Аз самими қалб мардуми Тоҷикистони мустақилро бо 25-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ муборакбод мекунам",- илова намуд вай.
Мӯминови 25-сола аллакай ду маротиба қуллаҳои "ҳафтҳазорметраро"- қуллаи Корженевский(7105м) ва қуллаи Абӯалӣ ибни Синоро(7134) аз худ кардааст. Ғайр аз ин ӯ қуллаҳои Албурс ва Килиманжароро фатҳ намудааст. Худи вай мегӯяд, ки қаҳрамониҳояшро дар ин ҷода давом хоҳад дод.