Эмомалӣ Раҳмонро дар фурӯдгоҳи Бишкек гарм истиқбол гирифтанд

Обуна шудан
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар фурӯдгоҳи шаҳри Бишкек нахуствазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков пешвоз гирифт.

Рӯзи ҷумъа дар фурӯдгоҳи байналмиллалии "Манас" ҳавопаймо фурӯд омад, ки дар дохилаш президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, хабар медиҳад дафтари матбуоти президенти ҶҚ.

"Ассалому алайкум"-гуфт Эмомалӣ Раҳмон ба нахуствазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, ки ба пешвози раисҷумҳури Тоҷикистон омада буд.

Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар ҷаласаи ҷашнии кишварҳои ИДМ, ки имрӯз 16 сентябр дар Бишкек баргузор мегардад, ба Қирғизистон ташриф овард.

Лентаи хабарҳо
0