ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Аллакай шурӯъ аз моҳи октябр арзиши оби гарм барои шаҳрвандони Узбакистон боло меравад, иттилоъ медиҳад оҷонсии Akipress бо истинод ба ВАО-и маҳаллӣ.
Акнун мувофиқи нархномаи нав шаҳрвандони Узбакистон дар сурати доштани таҷҳизоти ҳисобкунӣ, бояд барои як метри мукааби оби гарм 3,7 ҳазор сом пардохт намоянд. Онҳое, ки то ҳол дар манзилҳои зисти худ таҷҳизоти ҳисобкуниро насб накардаанд, бояд барои пардохти 14,5 ҳазор сом дар як моҳ омода бошанд.
Ҳамин тавр дар Узбакистон шурӯъ аз 1 октябри соли равон арзиши оби гарм то 8% боло меравад.