Аз аввали сол Тоҷикистон 30млн. доллар кӯмаки иҷтимоӣ гирифтааст

© Sputnik / Михаил Кутузов / Гузариш ба медиабонкМаблағи доллари амрикоӣ. Акс аз бойгонӣ
Маблағи доллари амрикоӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар муқоиса бо соли гузашта, шумораи кишварҳои ба Тоҷикистон кӯмаки иҷтимоӣ расонида то 17 кишвар зиёд шудааст. Беш аз ҳама ба Тоҷикистон ҳукумати Чин ва Русия кӯмаки иҷтимоӣ намудаанд.

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Шурӯъ аз моҳи январ то август ҳукумати Тоҷикистон  30 млн. доллар кӯмаки иҷтимоӣ гирифтааст, хабар медиҳад Оҷонсии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қайд карда мешавад, ки танҳо дар моҳи август Тоҷикистон 3,6 млн. доллар кӯмаки иҷтимоӣ гирифтааст.

Гузаронидани қубури обгузар ба сокинони Сангтуда - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: сармоягузории Русия ба Тоҷикистон коҳиш намеёбад

Кӯмаки иҷтимоӣ ба кишвар аз тарафи 51 давлати дунё расидааст, ки вазни умумии маводҳои равонкардашуда 13,6 тонннаро ташкил медиҳад.

Қисми зиёди кӯмакҳои иҷтимоӣ аз тарафи ҳукумати Чин(26%) расидааст. Соли гузашта бошад, Олмон пешсаф буд.

Дар ҷойи дуввум Русия- 18,7%, саввум Ҳиндустон- 8,5% меистанд. Пасон Сербия-5,5%, Швейтсария- 5,2%, Белгия- 4,9%, Туркия- 3,5% ва Қазоқистон- 3,2% мебошанд.

Ғайр аз ин Ҷумҳурии Тоҷикистонро Олмон  (3,1%), Дания (3%), Кореяи Ҷанубӣ(2,3%), ИМА (1,5%), Нидерландия (1,4%), Озарбойҷон(1,3%), Фаронса(1,2%), Таиланд (1,1%), Эрон (0,9%)  ва дигарон дастгирӣ кардаанд.

Дар муқоиса бо нишондодҳои соли гузашта ҳаҷми кӯмаки ба Тоқикистон расида ба миқдори 7,3 млн. доллар зиёд гардидааст, шумораи кишварҳои кӯмакрасон бошад то 17 адад зиёд шудааст.

Лентаи хабарҳо
0