Олимон: диетологҳо тарғибгарони ҳаёти носолим

© AP / Matt RourkeШакар. Акс аз бойгонӣ
Шакар. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба хотири дастгириии истеҳсолоти шакар бар ивази маблағи калон, олимон таъсири манфӣ доштани шакарро ба авҷи бемориҳои дил дар таҳқиқотҳои худ нишон надодаанд.

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Барои дастгирӣ намудани истеҳсолоти шакар олимон ақидаеро пешниҳод намуда буданд, ки мувофиқи он авҷи касалии дил- бемории рагҳои хунгардро ба истеъмоли чарбу вобаста кардаанд на ба шакар. Чунин хулосаҳо аз ҳуҷҷатҳое бар меоянд, ки ба наздикӣ аз  тарафи муҳаққиқони Донишгоҳи Сан- Франсиско ёфт гардидааст.

Далелҳо нишон додаанд, ки олимон аз Бунёди таҳқиқотии шакар (Sugar Research Foundation)  дар соли 1967 ба адабиёти мунташир пул доданд, ки дар он қасдан нақши шакар дар рушди бемории дил нишон дода нашуда буд, менависад рӯзномаи Guardian.

Хоб дар ҷои кор. Акс ах бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Олимон мегӯянд, ки танбалӣ нишонаи “хиради воло” аст

Мақолаи таҳқиқотӣ дар "Маҷаллаи нави тиббии  Англия" (New England Journal of Medicine) мунташир гадида буд. Хабар дода мешавад, ки се олимон аз донишгоҳи Гарвард, ки таҳлили онро навишта буданд, ҳар як 50 ҳазор доллар маблағ гирифтаанд.

Профессор-диетолог аз  донишгоҳи Ню-Йорк Марион Нестле иброз медорад, ки истеҳсолоти хӯрокворӣ имрӯзҳо низ ба диетология таъсири худро мерасонад.

Солҳои охир мавзӯъҳои фарбеҳӣ ва касалиҳои дил дар маҷаллаҳои гуногун хело баҳсталаб гардидааст. Масалан яке аз маҷаллаҳои амрикоӣ навиштааст, ки "ягон исботи комиле мавҷуд нест, ки равғани зиёд касалиҳои дилро рушд медиҳад". Нақши шакар дар авҷи касалиҳои дил то ҳол баррасӣ мегардад.

Лентаи хабарҳо
0