ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия нисбати 6 истиқоматкунандагони шаҳри Маскав ҷазо муайян намуд. Онҳо дар қатораҳои байнишаҳрии назди Маскав ба мусофирон ҳамла оварда буданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи тафтишотӣ.
Ҷинояткорон аз 17 сол то 19 сол дошта, ҳангоми даст задан ба ҷиноят баъзеашон ноболиғ буданд.
"Чуноне ки аз тарафи тафтишот ва додгоҳ муайян карда шуд, сокини 17 солаи вилояти назди Маскав тариқи қайде дар шабакаи иҷтимоии худ барои иштирок дар саҳмияи "Қатораи сафед", ки санаи 14-уми феврали соли 2015 бояд баргузор мешуд, ташвиқот бурдааст",- омадааст дар хабар.
Мақсади ин саҳмия дар қатораҳои байнишаҳрии Маскав ва вилояти Маскав шахсони намуди зоҳириашон ғайриславянӣ бударо лату кӯб намудан будааст. Дар истгоҳҳои "Силикатная" ва "Чехов" —и қатораи Москва- Курск ин ҷавонон ба се нафар ҷароҳатҳои вазнин расониданд, ки дар натиҷа яке аз онҳо фавтид.
Қайд карда мешавад, ки баъзе аз онҳо дар ин занозанӣ аз корд, кастет(тахтачаи сӯрохдори ғафси оҳанин), чӯб ва баллонакӣ газӣ истифода бурдаанд.
Тибқи қарори суд ба ҷавоне, ки ошкоро даъват ба амали эктримистӣ ва авбошӣ намудаааст- 1,5 сол ҷазо дар калонияҳои низомашон умумӣ муайян карда шудааст, ба ҷиноятпешаи ноболиғ 4, 5 сол ҷазо дар калонияҳои ислоҳӣ пешбинӣ карда шуд ва маҳкумшудаи 19-сола бошад, 2 сол аз озодӣ (дар калоняҳои низомаш умумӣ) маҳрум карда шуд, 3 нафари дигар 4 соли умрашонро дар ҳабсхона сипарӣ хоҳанд кард.