ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон муноқишаи мунтахабҳои ҶТ ва Ӯзбакистонро дар шаҳри Братск инкор кард. Пештар хабар дода шуд, ки давраи ниҳоии Ҷоми Иттиҳод байни дастаҳои Ӯзбакистон ва Тоҷикистон аз сабаби сар задани ҷанҷол байни бозигарон ва мухлисон қатъ гардонида шуд.
Чуноне ки дар ФФТ изҳор доштанд сабқат байни намояндагони миллатҳои гунагон (диаспорҳо) гузаронида шуд.
"Расман арз медорем, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ин бозӣ даъвати расмӣ нагирифтааст ва мутаносибан ягон дастаро барои иштирок дар ин бозӣ равон накардааст. Ҳамин тавр дастае, ки дар мусобиқаи ҳаваскорона дар шаҳри Братск иштирок кардааст, наметавонад расман чун дастаи мунтахаби Тоҷикистон муаррифӣ карда шавад",- омадааст дар хабар.
Барои ҳамин ин гуна хабарҳо наметавонанд муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи байни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, ҳамчунин байни ду федератсияҳои милли футболро вайрон кунад, қайд намуданд дар ФФТ.