Дар Лоҳур 800 низомиёни русу тоҷик тамрин мекунанд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкТамринҳои муштарак. Акс аз бойгонӣ
Тамринҳои муштарак. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар давоми як ҳафта сарбозон, афсарон ва дигар хизматчиёни ҳарбӣ дар шароити кӯҳистон тарзи дифоъи марз, ҳамлакунӣ ва дигар малакаҳои мудофиаро машқ мекунанд.

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Наздики 800 низомиёни Русия ва Тоҷикистон дар тамрингоҳи низомии Лоҳур ба машқи муштарак шурӯъ карданд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти ОҲМ.

Дабири кулли СПАД Николай Бордюжа - Sputnik Тоҷикистон
Бордюжа ба Тоҷикистон омад. Барои ширкат дар “Ҷустуҷӯ-2016”

"Дар тамрингоҳи кӯҳии Лоҳур машқҳои  муштараки хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи 201-и Русия ва қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз ёфт. Баталёни гурӯҳи тактикии хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи 201-ум  таҳти бонг огоҳ карда шуда, бо техникаи ҳарбӣ дар тамрингоҳи Лоҳур марши ҳарбӣ баргузор кард",-омадааст дар хабарнома.

Дар давоми як ҳафта сарбозон, афсарон ва дигар хизматчиёни ҳарбӣ дар шароити кӯҳистон тарзи дифоъи марз, ҳамлакунӣ ва дигар малакаҳои мудофиаро машқ мекунанд.

Дар ин тамринҳои муштарак зиёда аз 200 адад техникаи ҳарбӣ ва наздики 800 нафар низомиёни ду кишвар иштирок мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0