Чун анъана субҳи барвақт мусулмонон барои гузоштани намози ид ба масҷидҳо равон мешаванд. Пас аз намоз нафароне, ки имконият доранд, гӯсфанд ё дигар ҳайвони хонагӣ забҳ намуда, гушти онро ба ёру дӯстон, хешу таборон, ҳамсояҳо ва шахсони ниёзманд медиҳанд.
Кӯдакон бошад, чун анъана ба хонаҳои ҳамсояҳо рафта, онҳоро бо ид табрик мегӯянд ва дар иваз ширинӣ ё кулчақанд гирифта ба идгардаки худ идома медиҳанд.

1/12
© Sputnik
Ҷашнгирии Иди Қурбон аз гузоштани намози ид шурӯъ мешавад. Дар акс:намозгузорон назди масҷиди Ал Бухорӣ дар Душанбе.

2/12
© Sputnik
Дар рӯзи ид мусулмонон барои сулҳ, оромӣ,ва саломатии пайвандони худ дуо мекунанд.

3/12
© Sputnik
Мусулмонон ҳангоми намозгузорӣ дар масҷиди Ал Бухорӣ.

4/12
© Sputnik
Махсусан дар рӯзи ид масҷидҳои шаҳр пур аз одам аст.

5/12
© Sputnik
Дар Иди Қурбон ҳамчунин мусулмонон қабри хешу таборонро зиёрат карда барои оромии рӯҳи онҳо сураҳои Қуръони Каримро мехонанд.

6/12
© Sputnik
Мусулмоне дар назди зиёратгоҳ дасти дуо бардоштааст.

7/12
© Sputnik
Чун анъана иди кӯдакон аз ҷамъоварии ширинӣ ё кулчақанд шурӯъ мешавад.

8/12
© Sputnik
Зане ба кӯдакони идгард ширинӣ медиҳад.

9/12
© Sputnik
Маросими муҳимтарини Иди Қурбон-қурбонӣ кардан мебошад. Дар ин маросим доштани таҷрибаи бой хеле муҳим аст: ҳайвон бояд хеле зуд забҳ карда шавад, то ҷонканияш осонтар гардад.

10/12
© Sputnik
Мард гушти қурбониро ба се қисм ҷудо мекунад: барои ниёзмандон, барои дӯстон ва ҳамсоягон ва барои худ ва хешу таборон.

11/12
© Sputnik
Дар ҳар як хонаи мусулмон дар ин рӯз дастархон ороста аст ва соҳибони хона интизори меҳмонон мебошанд.

12/12
© Sputnik
Бо омадани меҳмонон ҳар нишаст аз дуо кардан ба хотири сулҳу оромӣ дар хонадон ва саломатии сари дӯстон оғоз мегардад.