Сохтмончиён аз баландии 15 метр сарозер шуданд. Дар Маскав

© Sputnik / Евгений Самарин / Гузариш ба медиабонкМаркази ёрии таъҷилӣ. Акс аз бойгонӣ
Маркази ёрии таъҷилӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чор нафар сохтмончиён зимни иҷрои корҳои сохтмонӣ аз баландии 15 метр дар ҷануби Маскав сарозер шуданд. Вазъияти фавқуллода дар кучаи Котляковская ба вуқӯъ пайваст.

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Чор нафар коргарони иншооти сохтмонӣ зимни иҷрои вазифа дар ҷануби Маскав аз баландии 15 метр сарозер шуда, маҷрӯҳ гардиданд.

"Зимни корҳои сохтмонӣ дар кучаи Котляковская, тақрибан аз баландии 15 метр чор нафар коргарон ба поён афтоданд. Ҳолати ду нафари онҳо вазнин арзёбӣ мешавад",- хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба манбаъ аз ҳолатҳои фавқуллодаи пойтахт.

Сӯхторхомӯшкунандагон дар назди анбори сӯхта дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз сӯхтори нашриёт ФР мехоҳад ба муҳоҷирон имтиҳони ҚҲС ҷорӣ намояд

Бино ба иттилои манбаъ сабаби афтодан, мувофиқи маълумоти пешакӣ риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ мебошад.

"Мувофиқи маълумоти пешакӣ сабаби сарозер шудани коргарон-вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аст",-гуфт мусоҳиби оҷонсӣ ва илова намуд, ки айни ҳол ҳамаи қурбониён ва нафароне, ки ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд ба беморхона бурда шуданд.

 

Қаблан хабар дода шуд, ки саҳарии рӯзи шанбеи санаи 27-уми август дар шимоли Маскав сӯхтор ба амал омад. Бинои сӯхташуда ба нашриёти "Печатный экспресс" тааллуқ дошта,  17 нафар- 14 нафар шаҳрвандони Қирғизистон ва 3 нафар шаҳрвандони Русия дар натиҷаи сӯхтор вафот карданд. Мувофиқи маълумотҳои ВКХ Қирғизистон ҳамаи фавтидагон занони ҷовон мебошанд, ки синну солашон аз 18 то 25 сола мебошад.

Лентаи хабарҳо
0