ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин мусулмонони Русияро ба Иди қурбон муборакбод намуд ва қайд кард, ки ҷамъияти мусалмонони Русия саҳми назарраси худро дар гуфтугӯи байни динҳо ва миллатҳо мегузорад, омадааст дар барқияи табрикотии Путин, ки дар хадамоти матбуоти Кремл мунташир гардидааст.
Ҷамъяти мусулмонии кишвар дар ҳаёти кишвар фаъолона иштирок мекунад, саҳми назарраси худро дар тарбияи ҷавонон мегузорад ва дар гуфтугӯи байни динҳо ва миллатҳо ҳиссаи худро мемонад. Албатта, фаъолияти онҳо барои пойдории сулҳ ва ризояти шаҳрвандӣ дар ҷомеа хело муҳим аст,- омадааст дар барқияи шидбошӣ.
Путин ҳамчунин қайд намуд, ки дар тӯли асрҳо ин ид дар ҳаёти уммати исломӣ нақши калонро бозида, одамонро наздик кардааст, онҳоро бо арзишҳоимуҳими исломӣ шинос намуда, эҳтироми таърих ва анъанаҳои қадима ва эҳтироми ниёгонро тарбия намудааст.
"Бо қаноатмандӣ қайд мекунам, ки мусалмонони Русия ин анъанаҳои диниро арҷ мегузоранд ва Иди қурбонро ба таври васеъ ҷашн мегиранд",- мегӯяд Владимир Путин.
Тоҷикистониён дар қатори ҳамаи мусулмонони ҷаҳон Иди қурбонро ҷашн мегиранд. Соати 7-и пагоҳӣ дар тамоми масоҷиди кишвар намози ид баргузор мешавад. Баъд аз намози идона мусулмонон ҷондореро қурбонӣ мекунанд.
Иди қурбон бо таърихи қурбонии пайғамбар Иброҳим, ки дар се китоби динҳои ҷаҳонӣ- ислом, масеҳият ва яҳудият омадааст, марбут мебошад. Худованд пайғамбарӣ худро санҷида, фармон додааст, ки пасари хешро қурбонӣ кунад. Пас аз он ки Худованд дар имони комили вай муътақид мешавад, хоҳиш намудааст, ки гусфандеро қурбон карда, писарашро озод намояд.
Мувофиқи анъанаҳои ислом ҳар як мусалмон(агар товон дошта бошад) бояд дар рӯзи Иди қурбон як гӯсфанд, гов ва ё дигар ҳайвони хонагиро қурбонӣ кунад.
Чун анъана тоҷикистониён дар рӯзи Иди қурбон ба аёдати ҳамдигар рафта, назикон ва дӯстони худро муборакбод менамоянд ва аз аҳволи беморону пиронсолон дидан карда дар сари қабри гузаштагон дуо мехонанд.
Яке аз асосҳои иди Қурбон ба ҷо овардани фароизи ҳаҷ мебошад, яъне соле як маротиба (агар имкон дошта бошад) ба Макка рафтан аст.
Дар арафаи ид перзиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвандони кишварро бо Иди қурбон муборакбод гуфт. Ӯ қайд намуд, ки имсол рӯзи Иди қурбон бо ҷашнгирии солгарди 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон рост омадааст.