Обхезӣ дар Кореяи Шимолӣ: 133 тан қурбон ва садҳо нафари бе ному нишон гашта

© Спутник / Гузариш ба медиабонкОбхезӣ. Акс аз бойгонӣ
Обхезӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қаблан хабар дода шуд, ки резиши дарёи Тумангани Корея, ки дар пайи боронгариҳои зиёд ба вуқӯъ пайваст яке аз обхезиҳои бузургтарин дар таърих мебошад. Харобгариҳо аз ҳама беш дар вилояти Хамгён-Пукто ба қайд гирифта шудааст.

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Дар натиҷаи обхезии шадид дар Кореяи Шимолӣ зиёда аз 133 нафар қурбон шудаанд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба оҷонсии Франс Пресс.

Чуноне манбаъ рӯзи душанбе хабар медиҳад, дар баробари қурбоншудагон 395 нафари дигар бе ному нишон гаштаанд.

Қаблан хабар дода шуд, ки резиши дарёи Тумангани Чин, ки дар пайи боронгариҳои зиёд ба вуқӯъ пайваст яке аз обхезиҳои бузургтарин дар таърих мебошад.

Тавре идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои ёрии башардӯстона бо истинод ба ҳукумати маҳаллӣ хабар медиҳад, наздики 107 ҳазор нафар маҷбур шуданд манзилҳои зисти худро тарк кунанд.

Ҳисоби зарари моддию ҷонӣ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0