ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Тоҷикистониён имрӯз яке аз муҳимтарин ҷашни ҷаҳони мусулмонон-Иди Қурбонро таҷлил мекунанд.
Аз соати ҳафти субҳ дар ҳамаи масҷидҳои кишвар намози ид гузошта мешавад.
Мусулмонон дар ин рӯз дар масҷидҳо намоз гузошта, ҳамчунин қурбонӣ мекунанд.
Имрӯз дар Тоҷикистон мутобиқи қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст.
Таърихи пайдоиши Иди Қурбон бо қурбонии пайғамбар Иброҳим, ки дар се китоби муқаддаси динҳои ҷаҳонӣ дар бораи он омадааст, вобаста мебошад. Худованд барои санҷиши пайғамбари худ ба ӯ фармон медиҳад, то писари худро ба номи Худо қурбонӣ кунад ва устувории имони ӯро дида фармон медиҳад, то ба ҷои писараш барраро забҳ кунад.
Мувофиқи анъанаҳои дини ислом ҳар як мусулмон бояд дар ин рӯз барра, гов ё ягон ҳайвони хонагиро ба номи Худо қурбонӣ кунад.
Чун анъана шаҳрвандони Тоҷикистон дар Иди Қурбон ба хонаҳои ҳамдигар рафта, якдигарро табрик мекунанд ва ба аёдати пиронсолону беморон рафта дуои шифо медиҳанд.