ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон бори саввум аст, ки Ҷоми дастаи футболи "Истиқлол"-ро оид ба футболи хурд ба даст меоранд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ФФТ.
Бозии Ҷоми дастаи футболи "Истиқлол" дар муддати як моҳ дар се майдони сунъии назди Майдони марказии пойтахт баргузор гардид. Маблағи мукофотии мусобиқа 70 ҳзр. сомониро ташкил медиҳад. Барои маблағи калон 25 даста аз вазоратҳо, раёсатҳо ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ рақобат намуданд.
Ҷои саввумро бо шаҳодатномаи маблағи пулии 10 ҳзр. сомонӣ ба дастаи "Динамо"-и вазорати корҳои дохолӣ расид.
"Пасон давраи вохӯрии ҳалкунанда расид, ки дар он ғолиби дукаратаи Ҷом-дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастаи қавии "Амонатбонк" муқовимат мекарданд. Бозии хело шавқовар ва ҷолиб бо ғолибияти мустаҳками дастаи Федератсияи футболи ҷумҳурӣ бо ҳисоби 3:2 ба анҷом расид",- омадааст дар хабар.
"Амонатбонк", ки дар ин бозӣ ҷойи дуввумро сазовор шуда, медали нуқра ва 20 ҳзр. сомонӣ мукофотпулӣ хоҳад гирифт.
Дарвозабони беҳтарини Ҷом бозингари дастаи ФФТ Анваршо Мирзоев дониста шуд. Ҳуҷумкунандаи беҳтарини мусобиқа бошад- Самандар Суннатзода аз "Оҷонсии зидди фасод" интихоб гардид. Идибой Олимов аз дастаи "Амонатбонк" мукофоти бозингари беҳтарини мусобиқаро ба даст овард.