Кореяи Шимолӣ дар бораи озмоиши бомуваффаққияти ҳастаӣ эълон намуд

© REUTERS \ Kim Hong-JiЭълони роҳбари ҶХДК дар бораи гузаронидани озмоиши ҳастаӣ
Эълони роҳбари ҶХДК дар бораи гузаронидани озмоиши ҳастаӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мувофиқи маълумотҳои мутахассисони Кореяи Ҷанубӣ , қувваи ин озмоиши атомӣ ду маротиба аз кӯшишҳои қаблии ҶХДК(Ҷумҳурии халқӣ-демократии Корея) зиёд буда, метавонад дар тамоми таърихи кишвар аз ҳама калонтарин гардад.

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Пагоҳии барвақт дар ҳудуди ҶХДК заминларза бо дараҷаи 5.0 ба қайд гирифта шудааст. Пас аз ин президенти Кореяи Ҷанубӣ Пак Кин Хе ва дабири кулли ҳукумати Ҷопон Ёсихидэ Суга эълон доштанд, ки Кореяи Шимолӣ озмоиши атомӣ намудааст.

Мувофиқи маълумотҳои низомиёни Кореяи Ҷанубӣ қувваи дастгоҳи тарканда метавонад 10 кг/тоннаро ташкил диҳад, ки қариб аз қувваи таркиши дар моҳи январ озмоишгардида(6 кг/тонна) ду баробар зиёд аст. Мутахассисони Кореяи Ҷанубӣ ҳамчунин қайд намуданд, ки агар он тасдиқ гарданд, ин озмоиши атомӣ дар тамоми таърихи кишвар аз ҳама бузург хоҳад гардид.

Баъдтар дар телевизиони марказӣ ҶХДК дар бораи бо муваффақият анҷом ёфтани озмоиши атомӣ хабар дода шуд, менависад РИА Новости бо истинод ба оҷонсии Ренхап. Дар намоиши махсус ҳамчунин тасдиқ карда шуд, ки дар оянда барномаи атомӣ дар кишвар тараққӣ дода мешавад.

Заминларзаи ҶХДК ҳамчунин дар маркази заминларзасанҷии "Южно-Сахалинск" ба қайд гирифта шудааст.

"Нишонаҳои заминларзаи дар ҶХДК ба вуҷуд омада бо нишонаҳои заминларзаи санаи 6 январ дар ин кишвар якхела мебошанд",- мегӯяд роҳбари Маркази заминларзасанҷии Сахалинск Елена Семёнова.

Мувофиқи маълумоти марказ заминаи радаиасионӣ дар ҳудуди вилоят мӯътадил мебошад.

Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва ИМА аз  СММ хоҳиш намуданд, ки пас аз гузаронидани санҷиши атомии навбатии Корея маҷлиси Шӯрои Амният баргузор карда шавад. Маҷлис бояд имрӯз, 9-уми сентябр баргузор гардад.

Моҳҳои аввали соли ҷорӣ пешвои Кореяи Ҷанубӣ Ким Чен Ин супориш дод, ки силоҳи ҳастаии кишвар барои истифода тайёр бошад, то дар ҳамлаи зидди душман истифода бурда шавад. Моҳи апрел дар тасвирҳои бо радиф аксгирифта дар объекти ҳастаии Кореяи Шимолӣ амалиёти "шубҳанок" ба назар мерасид.

Лентаи хабарҳо
0