Эҳтимол аст, нахуствазири Қазоқистон рӯзи ҷумъа ба истеъфо равад

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузариш ба медиабонкНахуствазири Қазоқистон Карим Масимов. Акс аз бойгонӣ
Нахуствазири Қазоқистон Карим Масимов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи ҷумъа, 9 сентябр дар Остона бо иштироки президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҷаласаи васеъ доир мегардад.

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Дар Қазоқистон нахуствазири кишвар рӯзи ҷумъа, 9 сентябр ба истеъфо меравад, дар ин бора аз ҳукумати кишвар хабар додаанд.

"Рӯзи ҷумъа баргузории ҷаласаи васеъ бо иштироки президенти Ҷумҳурии қазоқистон дар назар аст. Интизор меравад, ки дар кори ҷаласа Карим масимов нахуствазири кишвар аз вазифаи худ даст кашад",-гуфт манбаъ ба оҷонсии хабарии Новости-Казахстан.

Остона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Қазоқистон қонунҳои диниро пурзӯр мекунад

Бори аввал Масимов соли 2007 ба вазифаи сарвазирии кишвар таъин гардида то соли 2012 адои вазифа карда буд. Аз соли 2012 то соли 2014 вазифаи роҳбарии Дастгоҳи иҷроияи президенти Қазоқистонро бар дӯш дошт.

Шурӯъ аз 2-юми апрели соли 2014 инҷониб Масимов боз аз сари нав вазифаи сарвазирии кишварро бар дӯш гирифт.

Рӯзи ҷумъа, 9 сентябр дар Остона  бо иштироки президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҷаласаи васеъ доир мегардад.

Лентаи хабарҳо
0