Telia Company саҳмияҳои худро дар Tcell-и Тоҷикистон мефурӯшад

© Sputnik / Амир ИсаевДаромадгоҳи марказии қароргоҳи Tcell дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Даромадгоҳи марказии қароргоҳи Tcell дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чуноне Telia Company хабар медиҳад, ин ширкат мехоҳад 60 дарсади саҳмияҳои худро дар ширкати Tcell ба Бунёди Оқохон фурӯшад.

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Ширкати шведии Telia Company саҳмияҳои худро дар ширкати Tcell фурӯхт, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти ширкат.

Чуноне дар ширкати Telia қайд мешавад, ширкат ният дорад 60 дарсади саҳмияи худро дар ширкати Central Asian Telecommunications Development B.V., ки ширктаи "Индиго Тоҷикистон"-ро назорат мекунад, ба Бунёди Оқохон (AKFED) фурӯшад.

Тибқи нақша корҳои харудуфурӯш, ки бояд аз ҷониби мақомотҳои Тоҷикистон тасдиқ карда шавад, то охири соли 2016-ум анҷом ёбад.

"Фурӯши саҳмияҳоямон дар ширкати Tcell-боз як қадами дигар оиди коҳиш додани ҳузури худ дар бозори АвруОсиё ва равон намудани диққати бештар ба минтақаҳои Аврупои Шимолӣ мебошад",-изҳор дошт президент ва директори генералии Telia Company Йохан Деннелинд.

Арзиши умумии Tcell 66 миллион доллар дониста шуда, ҳамин тавр 60-фисади саҳмияҳои Telia 39 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли 2015 ширкати Telia Company хабар дода буд, ки аз ҳузури худ дар бозорҳои Осиёи Марказӣ даст мекашанд.

Ширкат аллакай фаъолияти худро дар Непал ва Тоҷикистон қатъ намуд.

Лентаи хабарҳо
0