Сатторов сӯхтори нашриёти воқеъ дар шимоли Маскавро мисол оварда, изҳор намуд, ки сӯхтори мазкур аз иштибоҳи муҳоҷирон сар назадааст.
"Ин маънои онро надорад, ки муҳоҷирони тоҷик, ӯзбак ва ё дигар муҳоҷирон дониши кофӣ надоранд", — мегӯяд сафири Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки пас аз сӯхтори фоҷиабор, ки боиси марги 13 муҳоҷир гардид, Антон Светков намояндаи Палатаи ҷамъиятии Русия пешниҳод намудааст, ки барои муҳоҷирон дар гирифтани иҷозатнома барои кор имтиҳони дигари тестӣ — донистани асосҳои бехатарии сӯхтор ҷорӣ карда шавад.
Имомуддин Сатторов дар бораи ин пешниҳоди намояндаи Палатаи ҷамъиятии Русия эътироз намуда мегӯяд, ки аслан надонистани ин ё он қонун ба миллат мансуб нест. Сафири Тоҷикистон қайд кард, ки ин гуна пешниҳодҳо барои муҳоҷирон монеаи дигар ва талаботи аз меъёр зиёд аст.