Обуҳавосанҷон дар бораи эҳтимолияти омадани сел дар Тоҷикистон хабар медиҳанд

© Новости-Казахстан, Анатолий УстиненкоОқибатҳои омадани сел. Акс аз бойгонӣ
Оқибатҳои омадани сел. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо сабаби баланд шудани ҳарорати ҳаво дар рӯзҳои чоршанбе-шанбе дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани сел дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Баландшавии ҳарорат барои баъзе аз ноҳияҳои Тоҷикистон бо фаромадани сел анҷом хоҳад ёфт, иттлоъ ждода мешавад дар торномаи Оҷонсии гидрометеорологии ҶТ.

"Аз 7 то 10-уми сентябри соли равон бо баландшави ҳарорати ҳаво дар баъзе аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ хатари фаромадани сел вуҷуд дорад",-омадааст дар иттилоия.

Ин ҳафта дар қаламрави кишвар ҳавои тобистона бо баланд шудани ҳарорат дар назар аст.

Дар вилояти Суғд ҳарорати ҳаво то 32-37 дараҷа баланд мешавад. Дар вилояти Хатлон дар қисмати марказӣ ҳарорати ҳаво гарм шуда ба 35-37 дараҷа баробар мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати ҳаво то 28-31 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Миёнаҳои  моҳи августи соли равон дар пайи боронгариҳои шадид, дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд наздики 16 хонаҳои истиқоматӣ валангор гардид. Сел 272 хонаҳои истиқоматиро вайрон кард. Ҳамчунин боронгариҳо қисмҳои роҳи мошингард ва амалиётҳои коммуникатсиониро аз кор баровард.

© SputnikКак выдержать сильную жару
Как выдержать сильную жару - Sputnik Тоҷикистон
Как выдержать сильную жару
Лентаи хабарҳо
0