ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Пас аз марги президенти кишвари Ӯзбакистон Ислом Каримов кишвари қабати этникии гуногундошта ва захираҳои бойдоштаро бо 31 млн нафар аҳолӣ, ки дар он аз соли 1991 сар карда ҳукумат дигар нагаштааст, ваъияти номаълум интизор аст, менависад Financial Times.Ғайр аз ин барои Осиёи Марказӣ, ки онро хатари паҳншавии исломи радикалӣ дарбар гирифтааст, оқибатҳои хатарнок дорад.
Рафтани Каримов ба вазъияти асримиёнагиро ба ёд меорад: "подшоҳ мемирад, аммо пас аз худ вориси хешро мегузорад, духтараш бошад дар ҳабси хонагӣ қарор дошта, дарбориёни дигар барои тахт мубориза мебаранд".
Ӯзбакистон метавонист аз паси Туркманистон(дар ҳукумат) равад, ки дар он ҷо пас аз марги президент Сапармурод Ниёзов соли 2006-ум ҳукуматро ба зуддӣ бе ягон мушкилӣ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба даст гирифт.
Аммо Ӯбекситон- кишвари мушкилтар ва гуногун мебошад, ки метавонад байни гурӯҳҳои рақобаткунанда мунозира ба вуҷуд ояд.
Ҳамаи ин метавонад вакууми ҳукуматӣ ба вуҷуд орад, ки аз он метавонанд гурӯҳҳои исломиёни радикалӣ хеле хуб истифода баранд, қайд мекунад рӯзнома.
"Ҳар як ноустуворӣ дар Ӯзбакистон, ки на танҳо бо чор давлати посошӯравӣ ҳамсарҳад аст, балки бо Афғонистон ҳам сарҳад дорад, метавонад паҳн гардад",- менависад рӯзнома.
Ҳамин тавр ҳафтаи гузашта дар Бишкеки Қирғизистон дар ҳудуди сафоратхонаи Чин таркиш ба амал омад. Ҳукумати кишвар ин ҳодисаро ҳамчун террор донистанд. Ин воқеа ба монанди таҳдидест, ки метавонад тамоми минтақаро дар бар гирад, менависад рӯзнома.
Ҳангоми дар бораи ҳукумати Ӯзбакистон сухан кардан муаллифи мақола қайд мекунад, ки касе ки пешвои нав қабул нагадад дар аввал шояд ба монанди Каримов муваффақ шуда натавонад.
Акнун масъалаи геопалитика дар Ӯзбакистон ҷойи аввалро ишғол мекунад, хулосабандӣ мекунад Financial Times.
Шаби ҷумъа маълум гардид, ки Ислом Каримов вафот кардааст. Чорабинии видоъ бо раисҷумҳур санаи 3 сентябр дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид.