Имсол Арабистони Саудиро 1 миллион ҳоҷиён зиёрат мекунанд

© Sputnik / Искандар Аминов / Гузариш ба медиабонкҲоҷиён аз Тоҷикистон дар вақти сафар ба Арабистони Саудӣ дар фурудгоҳи Душанбе
Ҳоҷиён аз Тоҷикистон дар вақти сафар ба Арабистони Саудӣ дар фурудгоҳи Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имсол ба давлати шоҳигарӣ аз тамоми кишварҳои ҷаҳон намояндагони 160 миллат ҳозир шуданд, онҳо шаҳрвандони оддӣ, намоядагони ҳайъатҳои расмӣ ва дигарон мебошанд.

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Имсол барои адо намудани ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ зиёда аз 1,1 милион ҳоҷиён ҳузур овардаанд, хабар медиҳанд  ВАО марказӣ бо истинод ба раёсати умумии назорати шиносномадиҳии шоҳигарӣ.

Интизор меравад, ки дар ҳаҷҷи фарзии имсола шаҳрҳои Макка ва Мадинаи муқаддасро зиёда 1,5 млн ҳоҷиён — аз худи кишвар ва хориҷ зиёрат хоҳан кард.

Мувофиқи маълумотҳои коркардаи вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ, ба ғайр аз шаҳрвандони оддӣ ба ин мамлакати шоҳигарӣ барои зиёрати ҳаҷ намояндагони 54 давлатҳо ҳамчунин  ҳайъатҳои расмӣ аз давлатҳои исломӣ ва арабӣ  ташриф овардаанд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, чуноне ки дар вазорат қайд гардид имсол ҳаҷро намояндагони  тамоми олам аз 160 мамлакати дунё зиёрат мекунанд. Оварда мешавад, ки ба муносибати мушкили байни Эрону Арабистони Саудӣ нигоҳ накарда, шаҳрвандони давлати Эрон низ зиёрати ҳаҷ мекунанд.

Пештар, ҳукумати Эрон эълон дрошта буданд, ки имсол ба Арабистони Саудӣ шаҳрвандони худро равон нахоҳад кард. Сабаи инро дар қатъ гаштани муносибатҳои дипломатии байни ин ду давлат, ки бо  масъалаи амният марбут аст, маънидод карда мешуд. Дар вақти зиёрати  ҳаҷи сол гузашта дар натиҷаи садама дар водии Мино дар қатори дигар шаҳрвандон 464 нафар шаҳрвандони давлати Эрон вафот карда буданд.

Ҳаҷ яке аз 5 сутунҳоест, ки аз он ислом бунёд ёфтааст. Макони муқаддси Макка ва Мадинаро ҳар як мусалмон бояд ақалан як маротиба(агар имкон дошта бошад) зиёрат кунад. Баъзан дар вақти гузаронидани маросими ҳаҷ аз сабаби бисёр бадани ҳоҷиён тиққаву танба шудани зоирон ба вуҷуд меояд ва дар натиҷа баъзе аз шаҳрвандон дар ин ҳодиса қурбон мегарданд. Аз ҳамаи чунин ҳодисаи калонтарин 24-уми сентябри соли 2015 дар Мино назди Макка ба амал омад, ки дар натиҷа 2,2 ҳзр нафар қурбон гардиданд.

Имсол ҳукумати Арабистони Саудӣ мақсад доранд, ки чорабиниҳои амниятӣ ва бехатарии шаҳрвандонро аниқтар санҷида бароянд. Барои ин барои ҳар як ҳоҷӣ дастбонди электронӣ ҷудо карда шуда, шумораи камераҳо зиёд карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0