ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Ба муносибати ҷашни 25-ум солгарди истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе санаи 3-юми сентябр Дави миллӣ гузаронида мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҳукумати шаҳр.
Қайд карда мешавад, ки ин чорабинӣ аз соати 7 то 11 давом мекунад.
Ҳамин тавр, кормандони ҳифзи ҳуқуқи пойтахт вазифадор карда шудааанд, ки бехатарии иштирокчиёни Дави миллиро таъмин намоянд.
Муҳаммадсаид Убайдуллоев ҷонишини худро ӯҳдадор кардааст, ки аз болои аз болои марафони Дави миллӣ пурра назорат барад.