Рух додани фоҷиа дар бинои сохтмонӣ дар шаҳри Маскав

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкКрани бурҷӣ. Акс аз бойгонӣ
Крани бурҷӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ғарби Маскав кран(борбардор) чаппа шуд ва дар натиҷаи он як нафар ҳалок гардида се нафар ҷароҳат бардоштанд.

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik.  Дар майдони сохтмонии шаҳри Маскав крани бурҷӣ биафтод ва дар натиҷаи ин ҳодиса як нафар ба ҳалокат расида се нафари дигар ҷароҳат бардоштанд, хабар медиҳанд манбаҳои хадамоти ҳолатҳои фавқуллода дар пойтахт ба РИА Новости.

" Садамаи кран дар сохтмони дар нишонаи Боровское шоссе, қаламрави 2-юм ба амал омад. Тибқи маълумотҳои пешакӣ як нафар ба ҳалокат расидааст ва се нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд",- мегӯядт ҳамсӯҳбати оҷонсӣ.

Чуноне ки маълум гардид сохтмонро ташкилоти сохтмонии "ПИК" ба анҷом расонида истодааст.

Ин ташкилот  майдончаи сохтмонии мазкурро тирамоҳи соли 2015 ба ӯҳда гирифта буд. Майдончаи сохтмонӣ тибқи ҳуҷҷат 162 ҳзр метри квадратиро ташкил медиҳад. Дар чорчӯбаи лоиҳа, ки номи "Мещерский лес"- ро гирифтааст 6 блок сохта мешавад, ки он аз 14 —25 ошёна иборат астанд.

Чуноне ки РИА Новости муайян намуд иҷрокунандаи генералии сохтмони  ПИК ширкати BOES Construction ба ҳисоб меравад.

Гурӯҳи ширкатии "ПИК" — яке аз калонтарин таҳиягарони  амволи истиқоматӣ дар ФР ба ҳисоб меравад, ки дар Маскав, вилояти Маскав ва 8 вилояти дигар фаъолият мекунад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0